МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №52

КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №52

23-01-2025, 15:45
63
0
Имрӯз, 23 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 адад синфхона мебошад ва барои 100 нафар хонандагон дар як баст пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз тарафи аъзоёни Кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат» тариқи ҳашари дастаҷамъона сохта шудааст. Дар муассисаи мазкур 600 нафар хонанда, дар 12 синфхона ва 2 гурӯҳ маркази инкишофи кӯдак барои 57 нафар ба таълим ва тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 32 нафар омӯзгор дарс мегӯянд.
Бинои муассисаҳои мазкур аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ иборат мебошад.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷӯҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб намуданд.
Раиси вилоят бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид шуд, ки рисолати аслии омӯзгор дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас ба шумор меравад.

Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ва Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ва Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии
БАЛҶУВОН. РАИСИ ВИЛОЯТ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №4-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
БАЛҶУВОН. РАИСИ ВИЛОЯТ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №4-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Имрӯз, 25 ноябр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси Кумитаи
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №45
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №45
13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи дар деҳаи
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА
13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Вахшони
БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №5