МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА

ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА

14-12-2024, 12:16
47
0
13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Вахшони ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабути ноҳияи Панҷ синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-ро ифтитоҳ намуданд.
Бинои синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино аз 0,65 гектар замин иборат буда, аз он 0,200 метри мураббаъро зери сохтмон ташкил медиҳад. Бино аз ду ошёна ва 4 синфхонаи фанӣ иборат мебошад.
Дар доираи амалисозии лоиҳаи технологӣ, синфҳонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд гардида, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 8 то 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши аз 3000 то 4000 сомонӣ таъмин гардиданд.
Дар баробари анҷоми корҳои сохтмонӣ масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии бино низ ба анҷом расонида шудааст.
Раиси вилоят бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид шуд, ки рисолати аслии омӯзгор дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас ба шумор меравад.
Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.

Хабарҳои дигар
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 17 БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 17 БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 декабр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ
ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
БАЛҶУВОН. РАИСИ ВИЛОЯТ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №4-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
БАЛҶУВОН. РАИСИ ВИЛОЯТ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №4-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Имрӯз, 25 ноябр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси Кумитаи