ХАТЛОН: МУЛОҚОТИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО МАРДУМ

28-11-2024, 13:48
58
0
26-27 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб ва Фархори вилояти Хатлон бо мардум мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки сару либоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як сокини кишвар, бахусус занони тоҷик аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат саҳмгузор бошанд.
Таъкид гардид, ки шароити мураккаби авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ моро месазад, ки барои ҳимояи марзу буми меҳан, пешгирии амалҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии насли имрӯзу фардои ҷомеа аз мактаби шуҷоату ҷавонмардии Роҳбари давлат таҷрибаи ватандӯстию хештаншиносӣ омӯхта, фарзандонро дар рӯҳияи баланди инсондӯстию меҳандӯстӣ тарбия намоем.
Инчунин, Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо мардум махсус таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгуинашаванда, вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии аҳли зиё дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ш. ШОҲИН: ПАРДАБАРДОРӢ АЗ МУҶАССАМАИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
Ш. ШОҲИН: ПАРДАБАРДОРӢ АЗ МУҶАССАМАИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён
Ш.ШОҲИН: ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ЛОИҲАИ ХАТТИ ОБИ  НӮШОКӢ БАРОИ  300 ХОҶАГӢ
Ш.ШОҲИН: ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ЛОИҲАИ ХАТТИ ОБИ НӮШОКӢ БАРОИ 300 ХОҶАГӢ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Лоиҳаи бо лоиҳаи
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз! Сокинони шарафманди вилояти Хатлон! Истиқлол дастоварди арзишманди таърихӣ, саодати ҷовидона, тантанаи бошукӯҳу муассир ва нишонаи
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони
ХУРОСОН: САФАРИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ ҶАШНӢ
ХУРОСОН: САФАРИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ ҶАШНӢ
2-уми сентябр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон