МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » Ш.ШОҲИН: ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ЛОИҲАИ ХАТТИ ОБИ НӮШОКӢ БАРОИ 300 ХОҶАГӢ

Ш.ШОҲИН: ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ЛОИҲАИ ХАТТИ ОБИ НӮШОКӢ БАРОИ 300 ХОҶАГӢ

28-11-2024, 10:51
42
0
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Лоиҳаи бо лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Нӯрафшон, Даҳбедиён ва Орёндеҳи ҷамоати деҳоти Теҳрай шинос шуданд.
Сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидааст.
Сохтмони кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Нӯрафшон, Даҳбедиён ва Орёндеҳи ҷамоати деҳоти Теҳрай соли 2023 оғоз гардида, моҳи майи соли 2024 ба анҷом расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки чоҳи амудӣ дар чуқурии 120 метр канда шуда, ҳавзи захиравии оҳану бетонӣ дар ҳаҷми 100 м3, чоҳи бетонии танзими тақсимоти об 8 адад, қутиҳои тақсимоти об бо обченкунакҳо 32 адад ва нуқтаҳои обгирӣ ба ҳар як хоҷагӣ 372 ададро ташкил медиҳад. Аз хатти оби ошомиданӣ 1860 нафар сокинон истифода мебаранд.
Маблағгузори лоиҳа Раёсати Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ буда, татбиқкунандаи лоиҳа Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон” ба маблағи 1225578 сомонӣ ба анҷом расонида шуда, пудратчӣ ҶДММ “Руд” шаҳри Кӯлоб мебошад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шаҳодати ин аст, ки сол аз сол масъалаи таъминои оби нӯшокӣ ҳалли худро ёфта истодааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба масъулон ҷиҳати ҳарчи зудтар таъмин намудани дигар минтақаҳои аҳолинишин бо оби тозаи ошомиданӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.
Таъмини сокинони маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумат мебошад. Ин тадбири муҳим боиси хушҳолии хурду бузурги ноҳия гардида, сокинон барои таъмини зиндагии шоиста ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ш.ШОҲИН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ
Ш.ШОҲИН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар
Ба истифода додани хатти оби нӯшокии иловагии шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш
Ба истифода додани хатти оби нӯшокии иловагии шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати маркази ноҳияи Лахш хатти оби нӯшокиро мавриди
Ш. ШОҲИН: ПАРДАБАРДОРӢ АЗ МУҶАССАМАИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
Ш. ШОҲИН: ПАРДАБАРДОРӢ АЗ МУҶАССАМАИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён
ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор
ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР САДДИ ДАРЁИ СУРХОБ
ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР САДДИ ДАРЁИ СУРХОБ
26 ноябр, сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои