КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №41
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Бо ба истифода додани бинои иловагии муассисаи мазкур хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 аз ҷониби падару модарон ба маблағи умумии 990 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда, дорои 4 синфхона мебошад.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст.
Дар муассисаи мазкур 400 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 24 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба кору фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон, дар ин ҷо барои Сарвазири мамлакат барномаи "Е хониш" муррифӣ гардида, дар бораи фаъолияти таҷрибавӣ маълумот дода шуд.
Сарвазири мамлакат омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик намуданд.
Хабарҳои дигар

КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №49
26 ноябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим зимни сафари корӣ

ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 15
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро

ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №11
26 ноябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим зимни сафари корӣ