МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №49

КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №49

28-11-2024, 10:59
40
0
26 ноябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тудакафши шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд сохта шудааст.
Бинои иловагии муассисаи таълимӣ дуошёна буда, барои 384 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 8 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Сохтмони бино дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна" бо маблағи 5,3 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо шароити фароҳамовардашуда дар даргоҳи нави маърифат шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ шарт ва зарур буда, дар беҳсозии шароити зиндагии мо нақши муассир дорад ва рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва забономӯзӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №11
КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №11
26 ноябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим зимни сафари корӣ
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо иштироки раиси
ТЕМУРМАЛИК: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БИНОИ НАВИ  МАКТАБИ №32-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ТЕМУРМАЛИК: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БИНОИ НАВИ МАКТАБИ №32-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон