НОСИРИ ХУСРАВ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №3
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Муродтеппаи ноҳияи Носири Хусрав бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 320 ҷойи нишаст дар як баст мебошад. Иншооти мазкур бо саҳми падару модар, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шудааст.
Фармоишгар ва пудратчӣ соҳибикорни маҳал буда, бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона сохта ба истифода дода шудааст.
Ифтитоҳи муассисаи таълимии мазкур туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наврасон ба ҳисоб рафта, аз рушди тадриҷии соҳаи маориф дар вилоят башорат медиҳад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба кормандону масъулини соҳа дастур доданд, ки назорати сифати таълимро дар муассисаи нав ҷиддӣ ба роҳ монда, наврасони босаводу соҳибмалакаро ба воя расонанд.
Дар идомаи суханронӣ оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии толибилмону ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос изҳори андеша карданд.
Хабарҳои дигар

НОСИРИ ХУСРАВ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ХИЗМАТӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири

ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 18 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Устокорони ҷамоати деҳоти Пахтаободи

ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор

ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 11 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.