МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 11 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ

ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 11 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ

2-10-2024, 06:31
36
0
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта шудааст.
Бинои мазкур дуошёна буда, масоҳати умумии он 3,60 гектарро ташкил менамояд. Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории директори муассиса, омӯзгорон ва синфхонаҳои фаннӣ ҷойгир карда шудаанд.
Фармоишгари бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз гардида, соли 2024 бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳалӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Баъди ба истифода дода шудани иншооти мазкур бо 480 ҷойи нишаст дар 2 баст хонандагон ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Бо назардошти сол аз сол зиёд гардидани шумораи хонандагон ва пайдо гардидани талабот ба ҷои нишаст, соҳибкорони маҳаллӣ, ки хатмкардаҳои ҳамин муассиса мебошанд, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ободгаронаи Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтанд, ки бинои нави таълимӣ созанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Инчунин, Сарвазири мамлакат махсус таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ шарт ва зарур буда, дар беҳсозии шароити зиндагии мо нақши муассир дорад ва рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва забономӯзӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 адад иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 18 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 18 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Устокорони ҷамоати деҳоти Пахтаободи
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Дарқади
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо иштироки раиси