МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » НОСИРИ ХУСРАВ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ХИЗМАТӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

НОСИРИ ХУСРАВ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ХИЗМАТӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

2-10-2024, 06:51
44
0
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бинои хизматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, 12 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрадорро дар бар мегирад.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ пас аз ифтитоҳи иншоот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба оилаҳои хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуда, онҳо ба хизмати софдилона барои миллату давлат даъват намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни давлатӣ шароити муосир муҳайё карда шудааст ва ин иқдомҳои шоиста минбаъд низ амалӣ мегарданд.
Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар вилоят 2762 адад биною иншоотҳо ба маблағи умумии 2 млрд. 58 млн. 92,7 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
НОСИРИ ХУСРАВ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №3
НОСИРИ ХУСРАВ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №3
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Муродтеппаи ноҳияи Носири Хусрав
ШАҲРИТУС: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ СЕХИ ДӮЗАНДАГИИ “МУРОДГУЛ”-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ШАҲРИТУС: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ СЕХИ ДӮЗАНДАГИИ “МУРОДГУЛ”-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар кӯчаи ба номи Носири Хусрави ҷамоати
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи
ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 18 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 18 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Устокорони ҷамоати деҳоти Пахтаободи