ШАҲРИТУС: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ СЕХИ ДӮЗАНДАГИИ “МУРОДГУЛ”-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар кӯчаи ба номи Носири Хусрави ҷамоати шаҳраки Шаҳритус сехи дӯзандагии “Муродгул”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сехи дузандагӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Достиев Холназар бо маблағи 1000000 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар натиҷа 40 нафар духтарони маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шудааст.
Инчунин дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 29,3 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, ки аз он 4247 ададаш доимӣ, 14,1 ҳазор мавсимӣ ва 10,9 ҳазор муваққатиро ташкил медиҳанд.
Хабарҳои дигар

ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи

ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ САБУК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи

ҚУБОДИЁН: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ ПӮХТА ВА РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР МАСОФАИ 3,5 КИЛОМЕТР
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи “Қабла”-и ҷамоати деҳоти Утақара

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 18 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Устокорони ҷамоати деҳоти Пахтаободи