МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ӮЗБЕКИСТОН: ГУФТУШУНИД ОИД БА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛА

ӮЗБЕКИСТОН: ГУФТУШУНИД ОИД БА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛА

27-09-2024, 06:18
54
0
26 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов зимни сафари корӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои ҳамкории мутақобиларо дар марҳалаи нав баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, дар рафти гуфтушунид масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоию фарҳангии вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, рушди муносибатҳои ду вилоят дар марҳалаи нав баррасӣ шуданд. Роҳбарон изҳор доштанд, ки ба роҳандозии ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва гуногунҷанбаи байниминтақавӣ манфиатдор мебошанд.
Дар бораи таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва харитаҳои роҳ барои татбиқи он мувофиқа карда шуд.
- Мо чунин мешуморем, ки ҳам дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ҳам дар соҳаи сармоягузорӣ иқтидори бузурги истифоданашуда мавҷуд аст ва моро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи пурраи ин иқтидор ва ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории худ чораҳои зарурӣ андешем, - афзуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Раиси вилояти Хатлон раиси вилояти Сурхондарёро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест», ки рӯзҳои 17-18 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, даъват намуданд.

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ТИҶОРАТИИ “АЙРИТОМ” ДАР ШАҲРИ ТЕРМИЗИ ӮЗБЕКИСТОН ДИДАН КАРД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ТИҶОРАТИИ “АЙРИТОМ” ДАР ШАҲРИ ТЕРМИЗИ ӮЗБЕКИСТОН ДИДАН КАРД
Имрӯз, 26 сентябр, аъзои ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ҶАНОБИ РАЙМУНДАС КАРОБЛИС
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ҶАНОБИ РАЙМУНДАС КАРОБЛИС
29 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
3 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар