МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ТИҶОРАТИИ “АЙРИТОМ” ДАР ШАҲРИ ТЕРМИЗИ ӮЗБЕКИСТОН ДИДАН КАРД

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ТИҶОРАТИИ “АЙРИТОМ” ДАР ШАҲРИ ТЕРМИЗИ ӮЗБЕКИСТОН ДИДАН КАРД

26-09-2024, 12:17
114
0
Имрӯз, 26 сентябр, аъзои ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварда, оид ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи таҷриба карданд.
Ҳайатро дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулбаҳор», ки дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон воқеъ аст, муовинони раиси вилояти Сурхондарё, раиси шаҳри Термиз ва дигар шахсони расмӣ бо тантана истиқбол гирифтанд.
Нахуст, аъзои ҳайати вилояти Хатлон бо раиси вилояти Сурхондарё Қосимов Улуғбек Бердиқобилович аз минтақаи озоди тиҷоратии “Айритом” воқеъ дар шаҳри Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан карданд.
Аъзои ҳайати вилояти Хатлон бо натиҷаҳои ислоҳот дар самти рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар ин ҷо шинос шуданд.
Қайд карда шуд, ки имкони вуруду хуруҷ ба ҳудуди марказ дар тӯли 15 рӯз бидуни гирифтани раводид ва тиҷорат бо 7 асъори хориҷӣ барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар фароҳам оварда шудааст, ки барои афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон замина фароҳам меорад.
Ҳамчунин, масъалаи ҷалби тоҷирони тоҷик ба ин марказ ва густариши равобити тиҷории на танҳо ду кишвар, балки бо кишварҳои ҷаҳон низ таъкид шуд.
Дар минтақаи озоди тиҷоратии “Айритом” аз Афғонистон, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Покистон тоҷирон ба кор машғул ҳастанд. Ҳудуди он 36 гектарро ташкил мекунад ва 400 мағоза дар чор блоки савдо ҷойгир аст. “Айритом” дорои маҷмааи савдо, биноҳои истеҳсолӣ ва анбор, инчунин маркази логистикӣ буда, дар ин ҷо меҳмонхона, дармонгоҳи тиббӣ ва маркази таълимӣ мавҷуд мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ аз дурнамои рушди ҳамкориҳои байниминтақавии тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ҳамгироии захираҳо ва имкониятҳои технологии истеҳсолкунандагони ду минтақа ёдовар шуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси президентҳои ду кишвар дар солҳои охир муносибатҳои чандинасраи дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек дар марҳилаи нав густариш меёбанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо
Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ
16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералӣ
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ҶАНОБИ РАЙМУНДАС КАРОБЛИС
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ҶАНОБИ РАЙМУНДАС КАРОБЛИС
29 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас