МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ҶАНОБИ РАЙМУНДАС КАРОБЛИС
29 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас Кароблис мулоқот намуданд.
Нахуст, зимни суҳбат раиси вилоят ҷаноби Раймундас Кароблисро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои пайвастаи вилояти Хатлон бо Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни вилояти Хатлон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Инчунин, дар мулоқоти ҷонибҳо масоили иқтисодиву сармоягузорӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, татбиқи лоиҳаҳо, ҳуқуқи инсон, терроризму ифротгароӣ, энергияи сабз, тандурустӣ, истеҳсол ва коркарди пахта, корхонаҳои саноатӣ, маориф, нақлиёти хизматрасонӣ, кишоварзӣ, таъмини оби ошомиданӣ ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар идома оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои расидан ба ҳадафҳои созанда баён карданд.
Сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас Кароблис зимни мулоқот баён доштанд, ки барои татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон 300 миллион евро ихтисос дода шудааст, ки 115 миллион евро ба вилояти Хатлон рост меояд ва барои лоиҳаи беҳбуди таъмини оби ошомиданӣ ва корез дар манотиқи деҳот, ба хусус мактабу бемористонҳо корҳо бомаром идома доранд.
Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳам иброз доштанд, ки мо ҳамеша омода ҳастем бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намоем ва Иддиҳоди Аврупоро яке аз шарикони муҳим меҳисобем.
Хабарҳои дигар

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР) ДАР ТОҶИКИСТОН
29 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии