ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
23 август, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба таъмини оби нӯшокӣ, камбуди роҳҳои маҳаллаҳо, расонидани кӯмаки молиявӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ барои табобат, сохтмони кӯдакистон, ҷудо намудани замин барои сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба ниёзмандон кӯмак намоянд.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара мулоқот анҷом доданд.
Раиси вилоят аз мушкилоту камбудиҳои соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, масъулин ва фаъолонро вазифадор намуданд, ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.
Раиси вилоят қомат афрохтани иншооти ҷашниро дар ноҳия аз иқдомҳои шоиста унвон карда, роҳбарияти ноҳияро муваззаф намуданд, ки чунин амалҳои ободкориро дар дигар деҳаҳо ба роҳ монанд.
Хабарҳои дигар

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Имрӯз, 29 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Имрӯз, 29 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
27 июл, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Имрӯз, 27 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
23 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ