ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Имрӯз, 29 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Раиси вилоят дар ибтидо зикр намуданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон вазифаи асосии ҳар як хизматчии давлатӣ буда, масъулин бояд саривақт ба мушкили мардум расидагӣ намоянд.
Дар қабули сайёр 11 нафар шаҳрвандон оид ба мусоидат намудан барои оби нӯшокӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, баҳси замини хоҷагии деҳқонӣ, баҳси заминҳои чарогоҳ, гирифтани гранти раиси вилоят, кӯмак барои ҷарроҳӣ, расонидани ёрии моддӣ барои таъмири манзили истиқоматӣ дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мулоқот анҷом доданд.
Раиси вилоят оид ба вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаҳои атроф, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу мусобиқаҳо, расидан ба арзи мардум вазифаи меҳварии ҳар як масъули давлатӣ ба шумор меравад.
Хабарҳои дигар

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Имрӯз, 29 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Имрӯз, 27 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ПАРВАРИШИ ПИЛЛА ДАР МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДОН
4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун ба хонаи сокинон Ҳасанов Собир ва Қаюмов Абдуғаффор

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз самаранок истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигии