ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
27 июл, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар қабули сайёр шаҳрвандон 11 нафар оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб, таъмин намудан бо аробачаи маъюбӣ, додани иҷозат барои сохтмони боғчаи бачагона дар ҳудуди қитъаи замини мактаби №39, ҷудо намудани замин барои ташкили оромгоҳ, мушкили алоқаи мобилӣ, мусоидат намудан бо техникаҳои роҳсозӣ барои мумфаршкунии роҳи деҳа, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмак барои ҷарроҳӣ, расонидани ёрии моддӣ барои маъюбон, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, иҷозати сохтмони варзишгоҳи замонавӣ дар ҳудуди заминҳои мактаби № 14 дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мулоқот анҷом доданд.
Раиси вилоят аз мушкилоти ноҳия ёдовар шуда, масъулин ва фаъолонро вазифадор намуданд, ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳар яки мо вазифадорем, то дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандон, устувор гардонидани ҳисси ватанпарастии онҳо, пойдории забон ва фарҳанги миллӣ, устувории оила, танзими расму оин, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либоси миллӣ ва пешгирӣ аз омилҳои бегонапарастӣ, эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои миллию мардумӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳми намоён гузорем.
- Ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, оила ва манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Дар пеш бузургтарин ҷашнҳо, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мебояд шуруъ аз имрӯз барои тозагии маҳалли зист камари ҳиммат бандем ва дар дастаҷамъӣ Ватанро ободу шукуфон намоем, - афзуд раиси вилоят.
Хабарҳои дигар

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Имрӯз, 29 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Имрӯз, 29 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Имрӯз, 27 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз самаранок истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигии

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов