ЁВОН. ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ЯТИМОН ВА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ
30 май, дар доираи сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Нахуст дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон”, воқеъ дар кӯчаи Кароматулло Қурбонови ҷамоати шаҳраки Ёвон бо иштироки раиси вилоят маросими фаъолгардонии аввалин барномаи инноватсионии "Е-KHONISH" сурат гирифт.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон” соли 1993 таъсис ёфта, айни замон дар муассиса 20 нафар омӯзгор ба 166 нафар хонандагон (ятим ва нимятим, 63 нафар духтар) илму дониш меомӯзонанд.
Дастгоҳу таҷҳизотҳои Барномаи "Е-KHONISH" дар муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” ройгон дастрас ва васлу насб гардидааст. Дар муассиса 15 синфхона мавҷуд буда, 14 адад камераҳои навъи IP Hikvision 2 MP насб карда шудааст.
Раиси вилоят аз синфхонаҳои таълимии муассиса дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон сӯҳбати озод намуданд.
Хушвахтов Саъдӣ, директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии "Ҷуръат" оид ба кор дар барнома ва нозукиҳои он маълумоти муфассал доданд.
Сипас, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ятимону хонандагони муассиса тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо ятимону хонандагон иброз намуданд, ки ҳеҷ гоҳ худро танҳову бекас ҳис накунанд, зеро Пешвои муаззами миллат ҳамеша ғамхори ятимон мебошанд.
Хабарҳои дигар

ЁВОН. ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ФАЪОЛГАРДОНИИ БАРНОМАИ “Е-KHONISH” ДАР МАКТАБИ № 75
Имрӯз, 30 май, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таълимии № 75

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲИ АЗ ҶОНИБИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
Дар ассоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар

ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.