МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад

Мулоқот бо Муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад

29-05-2025, 17:19
52
0
29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал ташаббусҳои кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ ёфтаанд.
Ба масъалаҳои рӯзномаи нахустин конфронси сатҳи баланд оид ба пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот дар саросари ҷаҳон пайваста бо шарикони байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои Созмони Милал ҳамкории босамар дорад.
Ҳамкории созанда ва густурда бо Созмон дар самти обу иқлим ва ташаббуси навбатии муҳими байналмилалии Тоҷикистон якҷо бо Ҷумҳурии Фаронса оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумӣ доир ба “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
 
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян
29 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли
Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ, котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбана
Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ, котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбана
29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу
Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков
Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков
4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд