Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
“Ба туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал, бахусус бо Дафтари Шумо, ташаббусҳои мо дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ пайдо карданд. Қабули даҳ қатъномаи марбут ба обу иқлим аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ тасдиқи ин гуфтаҳост”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни мулоқот масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди “нерӯи сабз” мавриди муҳокима қарор доштанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз талошҳои Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти илм, технология ва инноватсия ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор пуштибонӣ менамояд.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омодагии худро изҳор доштанд.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми

Мулоқот бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми

Мулоқот бо узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович
10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси

Мулоқот бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле
10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси