МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло

28-05-2025, 11:44
41
0
28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳхо баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд.
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар навбати худ ба талошҳои пайвастаи Тоҷикистон ва Сарвари давлати моро дар ҷодаи истифодаи об ҳамчун сарчашмаи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баланд доданд.
Бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва мусоидати дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ пешниҳоди муҳим дониста шуд.
Ҳамчунин, атрофи ташаббуси Тоҷикистону Фаронса “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ 2025-2034” ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули судманди афкор сурат гирифт.

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян
29 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли
Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис
Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми