МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия

10-05-2025, 09:16
111
0
9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.
Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.
Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.
Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.
Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Иштироку қадамзании боматонати низомиёни шуҷои тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон ба майдонҳои набард, ки 55 нафари онҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо меҳнату машаққати холисонаи худ дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалабаи бузург дар он ҷанги пурдаҳшат саҳми намоён гузоштаанд, сурат гирифт
Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.
Иштироки сарони давлатҳо дар тантанаи Ғалабаи бузург дар шаҳри Маскав бо аксгирии якҷояи хотиравии онҳо ба поён расид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 - солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия  09.05.2024
Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 - солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 09.05.2024
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам
Оғози сафари расмӣ ба Федератсияи Русия
Оғози сафари расмӣ ба Федератсияи Русия
16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва
Вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
Вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам
Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург
Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург
25 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил