Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург
25 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин барои даъват ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, иштирокдорони вохӯриро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику шодбош гуфтанд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз соли нав раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон мегузарад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки раёсати Тоҷикистон дар доираи консепсия ва нақшаи чорабиниҳои пешниҳоднамудаи кишвари мо бо мусоидати дигар давлатҳои иштирокдори ИДМ босамар ҷараён хоҳад гирифт.
Хабарҳои дигар

Сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия
24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия
24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79 - солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 09.05.2024
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ

Вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам

Сафари корӣ ба Федератсияи Русия
7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои