МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Маросими имзои санад ва ба кор андохтани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд»-и лоиҳаи CASA-1000

Маросими имзои санад ва ба кор андохтани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд»-и лоиҳаи CASA-1000

31-03-2025, 09:51
50
0
Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.
Баъди табодули Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
31 март мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари
Маросими бозкушоии гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатии  Тоҷикистону Қирғизистон
Маросими бозкушоии гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду
Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон
Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон
Бегоҳии рӯзи 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом
Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Қирғизистон
Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Қирғизистон
Пас аз анҷоми музокирот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар назди намояндагони васоити ахбори омма бо изҳорот суханронӣ карданд.