Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

14-03-2025, 06:22
74
0
 
Бегоҳии рӯзи 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Бишкек Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гусел намуданд.
Сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду рӯз идома ёфт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони воломақом гуфтушуниди муфассал анҷом доданд.
Аз рӯйи натиҷаи ҳамоиши Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ 16 санади навӣ ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад.

 

 
Хабарҳои дигар
Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон
Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон
12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва
Маросими бозкушоии гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатии  Тоҷикистону Қирғизистон
Маросими бозкушоии гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду
Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон
Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон
12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Мулоқот бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев
Мулоқот бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев
13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Раиси Девони