Мулоқот бо 100 ятими кул ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо дар шаҳри Хуҷанд
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот намуданд.
Мулоқоти Сарвари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби давлату ҳукуматро бозгӯ мекунад.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро ба ятимон таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби зиндагии онҳо пайваста чораҳои муассир меандешад.
"Фаъолияти мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва таъмини шароити мусоиди будубош дар онҳо ба рӯзгори босаодату дастрасии ин қишри ҷомеа ба таҳсилоти босифат мусоидати фаъол менамояд"- иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҷо ятимон аз дасти Пешвои ғамхору раъиятпарвар тӯҳфаҳо қабул карданд. Туҳфаҳо аз маҷмӯи сару либос, шириниҳо ва маблағҳои пулӣ иборат буд.
Хабарҳои дигар

Тақдими туҳфа ба ятимон дар ноҳияи Ашт
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пас аз

Тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони кул ва супоридани калидҳои манзилҳои истиқоматӣ ба эҳтиёҷмандон дар шаҳри шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази савдо ва хизматрасонии

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар бинои истиқоматии баландошёнаи навбунёд дар ноҳияи Рашт
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо ятимон суҳбат намуда, бо тақдими туҳфаҳои

Тақдими туҳфа ба ятимон ва маъюбон дар ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои

Тақдими туҳфаҳо ба наврасони ятим дар шаҳри Конибодом
10 сентябр дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи наву замонавии “Хосият”, ки аз