Тақдими туҳфа ба ятимон дар ноҳияи Ашт

8-09-2024, 12:24
59
0
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пас аз ифтитоҳи Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” дар ҳамин ҷо бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Туҳфаҳои Пешвои миллат аз сару либос, лавозимоти хониш ва маблағҳои пулӣ иборат аст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар вилояти Суғд 321 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст, ки 173 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ятимонро ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирӣ ва соҳибкасб гардонидани кӯдакону наврасоне, ки бо амри тақдир бепарастор мондаанд, тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд то онҳо роҳи зиндагии худро пайдо намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва ободии диёр саҳмгузор бошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забономӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуданд.
Кӯдакону наврасон барои ғамхориҳои падарона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён намуда, қавл доданд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд ва оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назарраси худро мегузоранд.
Дар ҷойи мулоқот барои болидахотирии ятимон ҳамчунин дастурхони идона ороста шуда, барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Дар воқеъ ятимону бепарасторон таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ба муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия ва роҳнамоии онҳо ба ҳаёти мустақил пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ ВА КӮДАКОН АЗ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ТАҚДИМ ШУДАНД
ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ ВА КӮДАКОН АЗ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ТАҚДИМ ШУДАНД
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифта, то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг) дар шаҳри Гулистон
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг) дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо бардоштани
Ифтитоҳи ҶДММ “Доруи Суғд” дар шаҳри Гулистон
Ифтитоҳи ҶДММ “Доруи Суғд” дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии