МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон

25-03-2025, 10:48
65
0

 

 
25 март дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хонро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон узви фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои аъзои он мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи мо қарор дорад”.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту комуникатсия, энергетика, саноат ва кишоварзӣ дар чорчӯби Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни табодули афкор оид ба татбиқи самараноки Стратегияи “Чашмандоз - 2025” ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақа ба истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, рушди иқтисоди “сабз”, масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиши офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ ва арсаҳои гуногуни гуманитариву фарҳангӣ, бахусус илму маориф низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермакбаев
Мулоқот бо Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермакбаев
14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермакбаевро ба ҳузур
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян
29 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов
29 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Имангалӣ