МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов

30-01-2025, 08:25
30
0
29 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки ба шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар баробари ин, дар робита ба вазъияти кунунӣ дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он табодули назар анҷом гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷории рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳокима гардид.
Пешвои миллат бахусус ба аҳамияти иҷрои саривақтии Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки 28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона аз ҷониби Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба тасвиб расида буд, таъкид карда, изҳори итминон намуданд, ки ҳамкории муассир дар ин самт ба таъмини амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, ба тақвияти минбаъдаи кори ҳамаҷониба дар доираи Созмон оид ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Хабарҳои дигар
Иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ
Иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ
28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон
28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони
Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков
Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков
4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи