Мулоқот бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела
14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин масоили мубрами минтақавӣ баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон баҳри рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, талошҳои зарурӣ ба харҷ медиҳад”.
Масоили густариши робитаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла ҷалби маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, муҳокима гардид.
Дастгирӣ ва тақвият додани соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, зарур шумурда шуд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи технологияҳои “сабз” мебошад ва дар доираи Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” то соли 2037 азм дорад, ки истеҳсоли неруи барқро пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монад. Дар ин замина афзоиши тавлиди “энергияи сабз” яке аз роҳҳои асосии табдил додани Тоҷикистон ба кишвари “сабз” маънидод шуд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА, КАДАП ва ЛЕЙКА таъкид гардид.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкорӣ дар мубориза ба хавфу таҳдидҳои амниятию муҳитзистӣ, муқовимат бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд.
Хабарҳои дигар

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ҶАНОБИ РАЙМУНДАС КАРОБЛИС
29 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас

Мулоқот бо Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг
26 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии

Мулоқот бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳар
22 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб

Мулоқот бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс
17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми