МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг

Мулоқот бо Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг

26-06-2024, 09:58
134
0
26 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Боргро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҷумҳурии Малта баррасӣ шуд.
“Мо аз рӯзҳои нахустини роҳандозии муносибатҳо бо Созмон омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карда будем” - таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо маҷмӯи масоили мубрами минтақавӣ ва глобалӣ, ичнунин тавсеаи муносибатҳои низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву муҳитизистӣ дар чорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро муҳокима намуданд.
Ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим - гармшавии бесобиқа, обхезӣ, хушксолиҳои пай дар пай, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ ҳамкории зичу фаъоли кишварҳои иштирокдори Созмон зарур шумурда шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти амниятӣ, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва пешгирӣ аз сӯиистифодаи интернет ба мақсади таблиғу ташвиқи тундгароӣ ва ифротгароию зӯроварӣ андешаронӣ намуданд.
Дар мавриди робитаҳои дуҷониба аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Роҳҳои густариши робитаҳои Тоҷикистону Малта дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ сайёҳӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҳам аз мавзуъҳои суҳбат буд.

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми
Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ
16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералӣ
Мулоқот бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго
Мулоқот бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо