МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини давлатҳои хориҷӣ

Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини давлатҳои хориҷӣ

31-01-2025, 11:55
141
0
31 январ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.
Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Кэтрин Эллен Смиттон, Япония хонум Фурута Кэйко, Ҷумҳурии Корея Ҷон Сонг Шик, Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналдин, Австрия хонум Андреа Бахер, Италия Пиер-Габриеле Пападиа де Боттини де Сант Анезе, Канада Кристофер Дагган, Австралия Ҷон Уилям Гиринг, Алҷазоир Муҳаммад Ирқӣ, Сомалӣ Фатҳудин Алӣ Моҳамед Биау, Камбоҷа Сок Чеа ва Боливарии Венесуэла Кристофер Алберто Мартинез Берротеран эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ ба таҳкими робитаҳои миёни кишварҳои худ ва Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.
“Сиёсати хориҷии давлати мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ нигаронда шудааст”, - таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо доираи васеи кишварҳои ҷаҳон ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби бисёрҷониба дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиати муштарак равобити фаъолу созанда роҳандозӣ намудааст.
Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Япония, Ҷумҳурии Корея, Давлати Фаластин, Австрия, Италия, Канада, Австралия, Алҷазоир, Сомалӣ, Камбоҷа ва Венесуэлаи Боливарианӣ андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сафирони навтаъинро ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ҷалб намуданд.
Ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва робитаҳои пурсамари байнидавлатӣ аз мавзӯоти дигари суҳбат буд.
Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳо комёбӣ хоста, ба сарварони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.
Дар охири маросим миёни Пешвои миллат ва сафирони навтаъин суҳбати озоду самимӣ доир гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори
Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра
Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум
Иштирок дар ҳамоиши муқаддамотии  “Даъвати глобалии Саммити Оянда”
Иштирок дар ҳамоиши муқаддамотии “Даъвати глобалии Саммити Оянда”
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии “Даъвати глобалии Саммити Оянда”, ки аз ҷониби
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
29 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии
Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева
Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева
16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идории