МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон

Мулоқот бо Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон

30-12-2024, 09:58
66
0
Имрӯз дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон Муҳаммад Асим Маликро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва ҳалли дигар масоили мубрами ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат зимни изҳори қаноатмандӣ аз раванди босамари робитаҳои сиёсии тарафҳо, сатҳи бовариву эътимод миёни ду давлатро баланд арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат дар баробари таъкиди ҳамёрӣ дар соҳаи амният тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавиро ба суди ду кишвар маънидод карданд.
Зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид.
 
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ
16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералӣ
Мулоқот бо Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг
Мулоқот бо Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг
26 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони
Иштирок дар Конфронси байналмилалии зидди терроризм дар Кувайт
Иштирок дар Конфронси байналмилалии зидди терроризм дар Кувайт
4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо
Мулоқот бо Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсария
Мулоқот бо Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсария
2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии