Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли дучарха ва намудҳои дигари бозичаҳои кӯдаконаи ҶДММ «Адл» дар Истаравшан
17 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» ба истифода супорида шуд.
Коргоҳи мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» сохта шудааст.
Масоҳати умумии замини коргоҳи истеҳсолӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 метри мураббаъ буда, бо истифода аз ашёи хоми баландсифат, дар он 5 намуд дучарха барои калонсолон ва кӯдакон истеҳсол карда мешавад.
Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳи мазкур аз кишварҳои пешрафта дастрас ва насб гардида, ҳаҷми истеҳсолот бо сифати баланд афзун мегардад.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи коркарди оҳан, кафшергарӣ, рангубор ва бандубасти дучархаҳо шинос шуданд.
Дар коргоҳи мазкур мутахассисону коргарон ҳамарӯза фаъолият намуда, солона беш аз 10 ҳазор дучарха истеҳсол менамоянд.
Бо назардошти ин таъмини бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот ҳадафи аслии роҳбарияти ҷамъият ба шумор рафта, содироти он ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло намудҳои гуногуни маҳсулоти корхона бо тамғаи «Адл» ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон интиқол меёбад.
Ҳама гуна маҳсулоти корхона ҷавобгӯйи стандарти байналмилалӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо таъсиси коргоҳи нави истеҳсолӣ 20 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуда, шумораи умумии кормандони корхона ба зиёда аз 120 нафар расид.
Ҳамзамон дар ин корхона барои ҳавасмандгардонии кормандон ва ҷалби онҳо ба меҳнати содиқонаву софдилона тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои рафту омадашон воситаи нақлиёти хизматӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат номгӯйи зиёди маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ «Адл» муаррифӣ карда шуд.
Хабарҳои дигар

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг) дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо бардоштани

Ба истифода додани корхонаи антифризи ҶДММ “Кули Сарез”-и шаҳри Истаравшан
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Фароғат” дар шаҳри Конибодом
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри

Ифтитоҳи Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант
7 ноябр зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо бардоштани