Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Фароғат” дар шаҳри Конибодом
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳ дар масоҳати 230 метри мураббаъ бо саҳми соҳибкор Рустамзода Фирдавс бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Коргарон нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта, мустақилона ба тавлиди пояфзоли хушсифат машғул мебошанд. Оянда бо роҳандозии кор дар ду баст шумораи коргарон то ба 45 нафар расонида хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулот баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани ин корхонаро дар заминаи хуби рушди саноати сабук дар деҳот арзёбӣ карданд.
Дар коргоҳ 12 дастгоҳи пойафзолдӯзӣ, дастгоҳи гулпартоӣ ва дигар таҷҳизоти лозима аз дастрас ва насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як моҳ 130 ҷуфт ва дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол пешбинӣ шудааст.
Пойафзоли мардона ва кӯдакона барои хонандагон, номгӯи маҳсулоти коргоҳ мебошад, ки ҳама воридотивазкунанда аст. Маҳсулоти коргоҳ хушсифат ва ба бозори дохилӣ рақобатпазир аст.
Сарвари давлат соҳиби коргоҳро ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва ҷойҳои корӣ барои аҳолии деҳот ҳидоят намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар кишвар шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар коргоҳу корхонаҳои нав таъсис медиҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг) дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо бардоштани

Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ҶДММ “Саноати Ашт”-и ноҳияи Ашт
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии ширкати “Саноати Ашт” корхонаҳои

Ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ҶДММ “Сайҳун” дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалики

ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ САБУК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии