ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ШУД
26 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» доир шуд.
Фестивали мазкур тибқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Дар номинаи «Шаҳри беҳтарин» ҷойи якум насиби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ҷой дуюм шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон гардид.
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар номинаи «Ноҳияи беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардида, ноҳияи Данғара ҷойи дуюм ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм шуд.
Дар озмуни мазкур вилояти Суғд ҷойи якум, вилояти Хатлон сазовори ҷой дуюм шуд.
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид.
Хабарҳои дигар

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҶОЙИ 2-ЮМ: МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
23 ноябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ

ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”
Имрӯз, 12 марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва имлми кишвар бо

ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”
12 марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва имлми кишвар бо ибтикори

МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДСОЗИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
4 декабр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани

Гузоштани санги асоси сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»
19 сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси