МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Навидҳо » ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”

ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”

8-04-2024, 15:15
73
0
12 марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва имлми кишвар бо ибтикори Раёсати маорифи вилоят ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни вилоятии “Барномасози беҳтарин” доир карда шуд.
Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 10,11-и муассасаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия, литсейҳо аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуданд.
Рафти озмуни вилоятии “Барномасози беҳтарин” нишон дод, ки ҷой аввал насиби хонандаи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Гулмаҳмадзода Имрон, ҷой 2-юм насиби хонандаи синфи 11-и литсейи давлатии "Ориёно"-и шаҳри Бохтар Фатҳиддинзода Фариддун ва ҷой 3-юмро бошад хонандаи синфи 7-уми муассасаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ №18-и ноҳияи Данғара Сайдакбари Сафаралӣ ишғол намуданд.
Дар охир озмун ғолибон бо Ифтихорномаи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравии масъулини Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадршиносӣ шуданд.
Директори Марказ Акмал Нурализода, зимни суҳбат хабар дод, ки мақсад аз баргузории озмуни вилоятии “Барномасози беҳтарин” ин пеш аз ҳама рушди фаъолияти эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани тафаккури техникии наврасон мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”
ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”
Имрӯз, 12 марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва имлми кишвар бо
Левакант: ОМОДАГИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР
Левакант: ОМОДАГИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР
Барои омодагӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаи таълимии рақами 15-и шаҳри Левакант барои омӯзгорони фанни технологияи информатсиони машварат
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои
Шаҳритус: КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН ТАШКИЛ ШУД
Шаҳритус: КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН ТАШКИЛ ШУД
Мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти хатлон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил
ЭЪЛОН! БА ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУРОҶИАТ НАМОЕД!
ЭЪЛОН! БА ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУРОҶИАТ НАМОЕД!
Шаҳрвандони муҳтарам! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ба хотири беҳтарсозии кор, огоҳ