МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САРМОЯГУЗОРОНИ ЭРОНӢ
Имрӯз, 25 октябр, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо як гурӯҳ сармоягузорон ва олимони соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтушунид намуданд.
Дар ҳайати меҳмонон хонум доктор Шаарӣ, доктор Абдолиҳон, доктор Ҳоҷиванд, доктор Рофией, доктор Исмоилӣ, доектор Заре, доктор Наҷафиён ва ҷаноби Муҳаммад Исмоилӣ буданд.
Раиси вилоят ҳайати меҳмононро ба вилоят хайрамақдам гуфта, ба муштаракоти фарҳангиву динӣ ва таърихии мардуми Тоҷикистону Эрон таъкид намуданд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамфарҳангу ҳамзабон, ки решаҳои ногустании таърихӣ доранд, муносиботи тарафайнро дар чорчӯби сиёсати пешгирифта ва назари неки сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён батадриҷ тавсеа дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор пайваста чораҷӯӣ менамоянд», - афзуд раиси вилоят.
Дар мулоқот масоили воридоти техникаи соҳаи кишоварзӣ, таъмини тухмии босифат барои зироаткорӣ ва сабзавотпарварӣ, таъмини ниҳолҳои хушсифат, технологияи моҳипарварӣ, омӯзиши таҷриба барои кишоварзони вилояти Хатлон, воридоти таҷҳизоти кишоварзии интенсивӣ барои гармхонаҳо ва ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули назар карданд.
Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.
Хабарҳои дигар
МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ЭРОН
Имрӯз, 19 ноябр, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони як қатор корхонаҳои
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон
Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат –
Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург
25 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024”
Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» оғоз гардид. Дар назар аст, ки дар ҷараёни форум беш аз 30
МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОМАН МАРКОВ
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон Инвест” раиси вилояти Хатлон ҳайати вилояти Ленингради Федератсияи Русияро бо












