ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024”

17-10-2024, 15:13
81
0
Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» оғоз гардид. Дар назар аст, ки дар ҷараёни форум беш аз 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ ба имзо расонида шаванд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пеш аз оғози форум беш аз 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024»-ро, ки дар он дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории вилояти Хатлон муаррифӣ шуданд, тамошо намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки «форум барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳамкории мутақобили судманд имконияти мусоид фароҳам оварда, дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя дар бунёди иқтидори истеҳсолӣ, рушди содироти маҳсулоти хушсифати экологӣ ва барвақтии тару тозаи табиӣ саҳм мегузорад».
Дар доираи форум доир ба мавзуъҳои рӯзмарраи иқтисоди рақамӣ, энергияи «сабз», истеҳсоли маҳсулоти органикӣ ва сармоягузорӣ дар тамоми бахшҳо — энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, савдо ва фанновариҳои технологӣ мубодилаи афкор доир гардид.
Гуфта шуд, ки раванди амалӣ шудани технологияҳои рақамию равзанаҳои бақайдгирии электронии шахсони ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкоронро сода намуда, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро тақвият мебахшад. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 100 шакли имтиёзи андозу гумрукӣ ва сармоягузорӣ истифода мешавад. Ба сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи озоди ба хориҷа интиқол додани даромад ва фоида бо асъори хориҷӣ кафолат дода шудааст.
Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат тараққикунандаи мамлакат буда, дар он қариб 4 миллион нафар ё 40 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд. Дар 5 соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар вилояти Хатлон қариб ду баробар афзуда, ба 36 миллиард сомонӣ расид. Суръати миёнаи афзоиши маҷмуи маҳсулоти умумии минтақа дар ин давра бештар аз 7,5 фоизро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» то 18 октябр идома меёбад.

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024»
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ - 2024»
12 октябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба Форуми
ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 11 июл, дар толори хурди
Иштирок дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон
Иштирок дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон
17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУБЕРНАТОРИ ВИЛОЯТИ НОВОСИБИРСКИ РОССИЯ
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУБЕРНАТОРИ ВИЛОЯТИ НОВОСИБИРСКИ РОССИЯ
10 октябр, дар шаҳри Душанбе раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия Травников Андрей дидору