ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

14-12-2024, 12:07
66
0
13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар ноҳияи Ҷайҳун бинои маъмурии Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта шудааст.
Сохтмони бинои шуъбаи маориф соли 2022 оғоз ёфта, айни замон аллакай корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сохтмони бинои шуъбаи маориф дар майдони 0,18 гектар замин ҷудо гардида, бино аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд бо маблағи 353946 доллари амрикоӣ бунёд гардидааст.
Иншоот аз 3 ошёна, бо 13 адад утоқи корӣ, 1 маҷлисгоҳ барои 80 нафар, 3 ҳуҷраи хоб барои меҳмонон, 1 адад китобхона, ҳаммом, амборхона барои нигоҳдории таҷҳизоту ҳуҷҷатҳо иборат буда, пудратчии сохтмон ҶДММ “Субҳи босафо” мебошад.
Ҳудуди бинои мазкур бо панҷарабандӣ карда шуда, дар назди бино чароғкҳои равшандиҳанда насб карда шудааст.
Раиси вилоят ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳо баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.
Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷайҳун барои кормандон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ш.ШОҲИН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ
Ш.ШОҲИН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар
Муарифии лоиҳаи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш
Муарифии лоиҳаи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ АЗ ҶОНИБИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ АЗ ҶОНИБИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии
ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ
ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ
13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бинои
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ
13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ