МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ АЗ ҶОНИБИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ АЗ ҶОНИБИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

27-11-2024, 15:21
50
0
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик иншооти ҷашнӣ буда, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати 799 метри мураббаъ қитъаи замин доман паҳн кардааст. Дар рафти сохтмон беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи имрӯза бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи «Намояндаи инжиниринг консултантс ЕНД ассосиатиес лимитед дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Мир Соз» ба анҷом расонида шудааст.
Барои дар ҳама фасли сол бо барқ таъмин намудани иншоот як трансформатори иқтидораш 100 кВт насб карда шудааст.
Ҳамчунин дар гирду атрофи бино гулу буттаҳо ва зиёда аз 15 адад дарахтони хамешасабзу ороишӣ шинонида шуда, роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш гардида, дар назди иншоот 6 адад сутунпояҳо чароғон гардидаанд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Сарвазири мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳо баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.
Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Темурмалик барои кормандон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ТЕМУРМАЛИК: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БИНОИ НАВИ  МАКТАБИ №32-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ТЕМУРМАЛИК: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БИНОИ НАВИ МАКТАБИ №32-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муарифии лоиҳаи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш
Муарифии лоиҳаи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба
ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР САДДИ ДАРЁИ СУРХОБ
ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР САДДИ ДАРЁИ СУРХОБ
26 ноябр, сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ БИНОИ САРДХОНА БАРОИ НИГОҲДОШТИ 500 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ БИНОИ САРДХОНА БАРОИ НИГОҲДОШТИ 500 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Темурмалик ба фаъолияти сардхона