ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ БИНОИ САРДХОНА БАРОИ НИГОҲДОШТИ 500 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Темурмалик ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд.
Мақсад аз фаъол сохтани сардхона нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда дар хоҷагиҳои ноҳия ва аҳолӣ буда, он дар муддати кӯтоҳ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сардхона дар масоҳати 0,80 гектар замин, бо ғунҷоиши 500 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани ин иншоот 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.
Бо назардошти минтақаи аграрӣ будани ноҳияи Темурмалик, ба фаъолият оғоз кардани чунин сардхона амри зарурӣ дониста мешавад. Зеро дар аксар маврид бинобар набудани чунин иншоот, маҳсулоти хоҷагидорон талаф меёфт.
Дар иншооти мазкур дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили сардхонаро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, васлу насб карда шудааст.
Ба фаъолият оғоз кардани сардхона василаи муҳими бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани аҳолӣ дар фаслҳои зимистону баҳор низ мебошад. Дар сардхонаи нав коргарон бо ин мақсад сабзӣ, картошка, себ ва дигар номгӯи маҳсулотро захира намудаанд. Инчунин ҷиҳати нигоҳдории муваққатӣ ва банду басти маҳсулот, дар ҳудуди сардхона анбори калон бунёд гардидааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ташаббуси соҳибкорон ҷиҳати бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ноҳия, ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд.
Хабарҳои дигар
Бунёди корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона дар шаҳри Бохтар
8 ноябр дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди
ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ АЗ ҶОНИБИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии
Ба истифода додани сардхона, боздид аз гармхона, муаррифии 4 лоиҳаи корхонаи нави саноатӣ, ифтитоҳи корхонаи хишт ва қубурҳо дар шаҳри Турсунзода
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Ифтитоҳи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон”
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд.
Боздид аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дар шаҳри Турсунзода
17 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии







