ФАРХОР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА
Имрӯз, 14 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор аз рафти бартарафсозии офати табиӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, ки раванди бунёди манзили зист барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар муҳлатҳои кутоҳтарин хонаҳои нав мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Гуфта шуд, ки дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор барои сокинони аз офати табиӣ зарардида 36 манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ раванди бартарафкунии оқибати он ва таъмини шаҳрвандон бо хонаҳои нав таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Бо ин мақсад кумакҳои Президенти мамлакат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, арматура, хишти пухта, қуму шағал ва маводи хӯрока дастрас гардида, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин мавриди истифода қарор дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ 18 гектар замин ҷудо гардида, айни замон 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Сохтмон дар ду баст ҷараён дошта, кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд сангфарш гардидаанд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хатти барқи доимӣ ва мошинҳои махсуси обрасон таъмин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти зиёд ва сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор якчанд манзили истиқоматӣ зарар дида буданд.
Хабарҳои дигар
ФАРХОР. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МИНТАҚАИ ХАВФНОКИ СОҲИЛИ РОСТИ ДАРЁИ ПАНҶ
4-уми июн дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат
ХАТЛОН: РАИСИ ВИЛОЯТ БА 10 ОИЛАИ НИЁЗМАНД ВА ЯТИМОН КАЛИДИ ХОНА ТӮҲФА НАМУДАНД
1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ 10 хонаи истиқоматиро
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди
ФАРХОР: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №14 БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН.
9-уми августи соли 2024, зимни сафари кории раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор-
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.








