МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ФАРХОР: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №14 БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН.

ФАРХОР: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №14 БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН.

16-08-2024, 13:47
128
0
9-уми августи соли 2024, зимни сафари кории раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор- Мансурҷон Умаров, раиси ноҳияи Фархор- Назирӣ Зариф ва сардори Раёсати маорифи вилоят Хатлон- Абдулзода Зиёдулло дар ҷамоати деҳоти Фархор, деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор бинои иловагии МТМУ №14-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ медиҳем, ки сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.
Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази татбики Лоиҳаи Сохтмон ва муҷаҳазгардониии мактабҳо» буда, пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» мебошад.
Сохтмони муассисаи номбурда соли 2023 оғоз шуда, маблағи харҷномавии иншоот 463 ҳазору 804 доллари амрикоиро ташкил дода, маблағгузор Бонки Саудии Рушд аст.
Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум кабинети физика, биография, химия, маркази таълимии инкишофи кӯдак ва 1 адад синфхона буда, дар ошёнаи дуюм утоқи кории директори муассиса, синфхонаи компютерӣ, хонаи омузгорон ва 4 адад синфхона ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди бинои нав барои муассисса ҳоҷатхона ва анбор барои гармидиҳии бинои нав аз тарафи пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» сохта шудааст.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят зимни суҳбат бо омӯзгорон иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад.
- Чунин шароити хуб хонандагонро вазифадор менамояд, ки таҳсилро хуб идома дода, забонҳои хориҷиро омӯзанд. Инчунин, омӯзгорон бояд насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, илмомӯзӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоянд, - афзуд Раиси вилояти Хатлон.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Дарқади
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Чапарии ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо ҷараёни корҳои
БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №24 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №24 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 июн, дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон
ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ШАМСИДДИН ШОҲИН: ИФТИТОҲИ МЕҲМОНХОНА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
8 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор