САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолияти ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шинос шуда, ба маъракаи ҷамъоварии пахта ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” ҳамагӣ 11950 гектар замин вобаста шуда, аз он замини корами обӣ 233,07 га, зери сохтмон 17,2 га, буттазор 107,63 га, қумзор 5664,99 га, тутзор 4,54 га, зери об 513,31 га, боғ 0,40 га, боир 2754,42 га, чарогоҳ 2381,74 га, зери роҳ 163,29 га, дигар заминҳо 63,18 га ва ҷангалу бешазор 54,74 га ҷудо шуда буд.
То имрӯз аз тарафи ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” тибқи ҳисоботи солонаи замин майдони умумии 5700 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Аз 5700 гектар замини ба гардиши кишоварзӣ ворид кардашуда, дар майдони 4967 гектар пахтаи навъи Синлу Чжун-54 кишт карда шудааст. Айни замон нашъу намои пахта дар ҳолати хуб қарор дошта, дар нақша аст, ки аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна аз 25 то 30 сентнер ҳосил ба даст оранд.
Илова ба ин майдони 400 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар нақша аст, ки дар кишту кори баҳорӣ майдони замини мазкур кишт карда шавад.
Дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” 400 нафар ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими кишту кор аз 1500 то 2000 нафар ба кори муваққатӣ таъмин карда мешаванд.
ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” дорои 249 техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 94 адад трактор, 28 адад ядак, 7 адад мехалопат, 3 адад нақлиёти боркашонии тамғаи Дулан, 2 адад экскватор, 7 адад мошини борбардор, 35 адад комбайни ғаладарав, 28 адад обшапак, 2 адад агрегати картошкағундор, 10 адад достгоҳои трактаторӣ ва 33 адад култиватори байни қатторҳо мебошад.
Сарвазири мамлакат ба пахтачинони пешқадам туҳфаҳо супорида, бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшиданд ва барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвазири мамлакат ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Хабарҳои дигар
ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ САБУК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХУРОСОН”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос
























