МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ САБУК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ САБУК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

3-09-2024, 10:58
63
0
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хишти сабук ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли хишти сабук дар як шабонарӯз то 1000 дона қудрати истеҳсолӣ дошта, дар майдони 0,8 гектар сохта шудааст.
Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар коргоҳи навбунёд 5 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Тибқи иттилоъ таҷҳизоти коргоҳ аз Ҷумҳурии Узбекистон бо маблағи 450000 сомонӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.
Баъди ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли хишти сабук ва шиносоӣ бо шароити кор дар он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, он касро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят карданд.
Бояд зикр намуд, ки давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шудааст.
Инчунин дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 29,3 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, ки аз он 4247 ададаш доимӣ, 14,1 ҳазор мавсимӣ ва 10,9 ҳазор муваққатиро ташкил медиҳанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРӢ ВА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА МУҲОҶИРАТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРӢ ВА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА МУҲОҶИРАТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Панҷи
ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
ПАНҶ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАРКАЗИ САВДО, МЕҲМОНХОНА ВА ҲАММОМРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ҷамоати
ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон