МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи Китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ ва шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъӣ дар шаҳри Хоруғ

Ифтитоҳи Китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ ва шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъӣ дар шаҳри Хоруғ

27-06-2025, 13:47
53
0
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ба истифода дода, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Иншоот дар доираи истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалишавии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рӯи даст гирифта шуда, аз ҷониби соҳибкорзани муваффақ Гуланор Одилбекова бунёд ёфтааст.
Бино дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати умумии 280 метри мураббаъ бо риояи талаботи шаҳрдорию шаҳрсозии муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бино китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, қабати дуюм китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва дар қисмҳои болоии бино Маркази рушди зеҳни сунъӣ ҷойгир хоҳад шуд.
Ҳарду китобхона дорои толори хониш, ҳуҷраи нигоҳдории китоб, толор барои баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ, китобхонаи электронӣ бо дастрасии беш аз 5 ҳазор адабиёт буда, бо техникаю лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар қисми алоҳидаи китохбонаи кӯдаконаи вилоятӣ гӯшаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил шудааст, ки дар он ҳамаи адабиёти зарурӣ барои дӯстдорони китоб маҳфуз аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати соҳибкор, барои ташкили чунин пойгоҳи илму дониш баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат бунёд ва муҷаҳҳазгардонии иншоотро бо адабиёти зарурӣ ва фаъолияти Маркази рушди зеҳни сунъӣ дар маркази шаҳри Хоруғро қадами устувор дар роҳи илму дониши муосир арзёбӣ карданд.
Бояд таъкид намуд, ки то имрӯз масъулини китобхонаҳои кӯдаконаи вилоятӣ ва шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ, аз набудани шароит дар ин самт ва дастрас набудани адабиёти зарурӣ мушкилӣ доштанд. Ҳоло бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори зарурӣ дар ин самт таъмин гардид. Зимни муаррифии фаъолияти Маркази рушди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки марказ бо назардошти талаботи замон фаъолият дошта, ба он омӯзгорони соҳибтахассус, донандагони хуби забонҳои хориҷию илмҳои муосир ҷалб шудаанд.
Рӯи даст гирифтани тадбири мазкур, дар асоси амалинамоии Стратегияи руши зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба ҳисоб меравад, ки кишвари мо дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди зеҳни сунъиро дар замони мусоир яке аз унсурҳои ҷудонопазир бобати пешрафти иқтисоди рақамӣ неку муассир арзёбӣ намуда, фаъолияти самарабахш дар ин ҷодаро ба манфиат маънидод карданд.
Гуфта шуд, ки маҳз барои ҳамин солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидааст, ки яке аз самтҳои асосии он рушди зеҳни сунъӣ ва ҳамгироии он ба иқтисод ва идоракунии давлатӣ мебошад.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба иҷрои корҳои сомонёфта, баҳои баланд дода, ба масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати кор ва тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ба илмҳои замони муосир дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Дастандаркорон аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат аз бахши хусусӣ изҳори миннатдорӣ карда, дар оянда барои саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар изҳори омодагӣ намуданд.
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи Шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи Шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри
Ифтитоҳи Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хуштарҳ ва замонавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
Ифтитоҳи бинои истиқоматии 10 ошёна дар шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи бинои истиқоматии 10 ошёна дар шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаусро дар хиёбони
Ифтитоҳи бинои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи бинои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии
Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии