Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис марказро барои рушди тиҷорати рақамӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Маркази “Darya AI” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Кабиров ва Азизҷон Азимӣ - раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шуда, 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки дар пешбурди ин низоми муосир таҷрибаи хуб доранд, бо кор таъмин шудаанд.
Тавре таъкид гардид, стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд тадбил додани фуруши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад.
Марказ 8 сервери асосӣ дорад, ки арзиши ҳар кадоми он 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин намуди серверҳо дар сардӣ фаъолияти хубтар намуда, амалиёти иҷрошудаи ҳисоббарории зеҳни сунъӣ босуръат, бехато ва дар вақти кӯтоҳ бо натиҷаи қаноатбахш анҷом дода мешавад.
Хабарҳои дигар
ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 11 июл, дар толори хурди
Ифтитоҳи КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақли
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам
Мулоқот бо ятимон ва кӯдакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз
Ба истифода додани хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузар ва шиносоӣ бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар ноҳияи Роштқалъа
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо лоиҳаи










