Ба истифода додани пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузар, ки ду соҳили рудхонаи Ғундро дар мавзеъҳои Шарифобод ва Паринен пайваст менамояд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот 1 июни соли 2023 оғоз гардида буд.
Дарозии пул 200 метр ва паҳноияш 10 метр аст.
Пули замонавӣ бо 7 сутуни устувор, деворҳои муҳофизатӣ ва такядеворҳо мустаҳкам карда шудааст.
Сохтмони пул дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ва марҳилаи чоруми “Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи марказӣ” дар шаҳри Хоруғ анҷом дода шудааст.
Дар шафати пули мошингузар панҷараҳои оҳанин насб гардида, аз ду тараф роҳи пиёдагард бо паҳноии 2,20 метр сохта шудааст.
Инчунин, мутобиқи талабот зери новаҳои обгузар дигар конструксияҳои оҳану бетонӣ насб гардида, гирду атрофи пул чароғон карда шудааст.
Иқтидори борбардории пул 80 тоннаро дар бар гирифта, аз ду тарафаш зинапояҳо барои сокинон бо тарҳу меъмории муосир сохта шудааст.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Шарифобод василаи беҳтарини рафтуомади сокинон ва коҳиши танбашавии нақлиёт дар шаҳри Хоруғ мешавад.
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузар дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули
Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри
Ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон
25 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт. Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи
Ба истифода додани хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузар ва шиносоӣ бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар ноҳияи Роштқалъа
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо лоиҳаи







