МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузар дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон

Ифтитоҳи 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузар дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон

27-06-2025, 13:36
49
0
 
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки қитъаи роҳи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст.
Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмиллалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад.
Бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони байналмилалӣ корҳои таҷдиди роҳ, сохтмони долони зидди тарма ва пули мошингузар дар шароити мураккаби релефи кӯҳӣ ба анҷом расида, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва иртиботи минтақаҳоро таъмин менамоянд.
Сокинони ноҳияи Шуғнон ва тамоми аҳолии деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи беназири инсонпарварона нисбати рушди устувор ва беҳбудии зиндагии сокинони ноҳияи Шуғнон ва тамоми минтақаи кӯҳистони вилоят сипосу миннатдорӣ баён менамоянд.
Зеро соли 2015 дар натиҷаи рух додани ҳодисаи табиӣ роҳи ин мавзеъ зери об монда, рафтуомади мардум бо мушкили мувоҷеҳ шуда буд.
Маҳз бо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар дар муддати кутоҳ ин роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ навсозӣ шуда, барои бехатарии мардум долони зидди тармавӣ ва иловатан пули мошингузар сохта шуд.
Бояд гуфт, ки татбиқи ин лоиҳа намунаи равшани сиёсати давлат дар самти ҳамбастагӣ бо мардум, таъмини дастрасӣ ба роҳҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, ҳадафмандона амалӣ гардид.
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи бино ва озмоишгоҳи муосири Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи бино ва озмоишгоҳи муосири Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бино ва озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои
Ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон
Ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон
25 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт. Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи
Ба истифода додани хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузар ва шиносоӣ бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар ноҳияи Роштқалъа
Ба истифода додани хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузар ва шиносоӣ бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар ноҳияи Роштқалъа
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо лоиҳаи
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи