Ифтитоҳи Корхонаи ҶДММ “Барги Шоҳтут” дар ноҳияи Шуғнон
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Барги Шоҳтут” оғоз бахшиданд.
Корхонаи “Барги Шоҳтут” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ва шароити мусоид барои тақвияти рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини бозору содироти маҳсулот аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Моҳпарӣ Саидҳасанова бунёд шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави саноатӣ дорои 3 хатти истеҳсолӣ буда, дар он 3 намуди маҳсулот, аз қабили чой аз барги тут ва алафҳои шифобахш, омехтаи тут, зардолу, гармдору, донаҳои зардолу ва бодоми талх дар шакли куфташуда бо бастабандии муосир ва ширинӣ аз тут бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Таҷҳизоти истеҳсолии корхона насли нав буда, он дар асоси таваҷҷуҳ ба бахши хусусӣ ва ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон оварда шудааст.
Корхона аз рӯи самти фаъолият дар вилоят ва ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 90 тонна маҳсулоти тайёр аст. Маҳсулоти тайёри корхона асосан ба содирот пешбинӣ гардидааст.
Бо бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи “Барги Шоҳтут” дар ноҳияи Шуғнон 15 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, шумораи умумии коргарон дар ояндаи наздик бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ як баробар зиёд карда мешавад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ва гиёҳҳои шифобахш шумораи коргарон бештар мегардад.
Ашёи хом аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва гиёҳҳои шифобахш аз табиат ҷамъоварӣ карда мешавад, ки ин ба таъмини фаъолияти муназзами корхона мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити кӯҳистон бунёд намудани чунин корхонаи саноатӣ намунаи ибрат гуфта, таъкид намуданд, ки ин тадбир метавонад ба истифодаи имкониятҳои табиӣ, пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти боғот, беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат мусоидат намояд.
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон”
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд.
Ифтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак
30 август дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ҶДММ “АРК саноат” дар шаҳри Душанбе
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Ифтитоҳи Корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нонӣ ҶДММ Ганҷи Рӯшон
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон Корхонаи коркарди шир ва
Ифтитоҳи корхонаи ашёи рӯзгори ҶДММ Ситора саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҷамъияти









